Май 31, 2017 21:06 Asia/Dushanbe
  • Овора шудани 25 миллион нафар аз ҷамъияти кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ

Созмони ҳамкории исломӣ эълом кард, 25 миллион нафар аз ҷамъияти кишварҳои узви ин созмон ба иллати таниш ва нооромӣ овора шудаанд.

Хабаргузории фаластинии Мао рӯзи чаҳоршанбе ба нақл аз маркази созмони омори иҷтимоӣ ва омӯзиши вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ гузориш дод, аз 50 мавриди ҷангу даргирӣ дар ҷаҳон 30 мавриди он дар кишварҳои исломӣ рух додааст .

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 62 дарсади оворагони ҷаҳон аҳли кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ҳастанд .

Дар ин гузориш, ки омори он аз соли 2015 ҷамъоварӣ шуда, дар бораи афзоиши раванди фоҷеаҳои инсонӣ дар ҷаҳони ислом ва густариши ифротигарӣ ва бесуботӣ ҳушдор дода шудааст .

Созмони ҳамкории исломӣ муташаккил аз 57 кишвари мусулмон, беш аз як миллиарду 600 миллион нафар ҷамъият ҳудуди як чаҳоруми сокинони ҷаҳонро намояндагӣ мекунад .

 

Барчасп