Июн 05, 2017 18:58 Asia/Dushanbe
  • Охирин таҳаввулоти ҷанг дар ғарби устони Найнавои Ироқ

Муовини ташкилоти нерӯҳои мардумии Ироқ таъкид кард, ин нерӯҳо ҳамаи марзи Ироқ бо Сурияро аз вуҷуди ДИИШ поксозӣ хоҳанд кард.

Абумаҳдӣ Алмуҳандис рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъолам гуфт: Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ба тирандозии террористҳо аз дохили хоки Сурия посух медиҳанд, аммо вориди хоки Сурия нашудаанд .

Вай афзуд: Гурӯҳи террористии ДИИШ кори истифода аз силоҳ ва мушакҳои ҳидоятшавандаи амрикоӣ дар набарди марзиро оғоз кардааст .

Дар ҳамин ҳол, манобеи расонаӣ аз қатли беш аз сад ғайринизомии аҳли маҳаллаи Алзанҷилӣ дар бахши қадимии шаҳри Мусил ба дасти террористҳои ДИИШ хабар доданд .

Ин шаҳрвандон дар ҳоли фирор ба самти нерӯҳои ироқӣ, ҳадафи ҳамлаи террористҳо қарор гирифтанд.

ДИИШ ҳамчунин 10 муаллими занро дар ин минтақа эъдом кард.

Маҳмуд Алсурҷӣ, сухангуи гурӯҳе мардумӣ ба номи “Довталабони Найнаво” ба хабаргузории Спутники арабӣ гуфт: ДИИШ ин муаллимонро аз хонаҳояшони хориҷ ва дар минтақаи Алзанҷилӣ, ки дар бахши қадимии шаҳри Мусил қарор дорад, тирборон кард .

Аз сӯи дигар, як рӯз пас аз озодии шаҳри роҳбурдии Албаоҷ, амалиёти поксозии ин минтақаи марзӣ аз вуҷуди талаҳои инфиҷорӣ оғоз шуд .

 

 

Барчасп