ДИИШ; Дастпарвардаи Оли Сауд ва Амрико
(last modified Sat, 10 Jun 2017 12:26:46 GMT )
Июн 10, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ; Дастпарвардаи Оли Сауд ва Амрико

Таҳлилгари масоили байналмилалӣ ва генерали бознишастаи артиши Лубнон, гурӯҳи террористии ДИИШ-ро сохтаи режими Оли Сауд ва Амрико донист.

Амин Ҳатит- устоди донишгоҳт Бейрут дар гуфтугӯ бо ИРНА таъкид кард, имрӯз бар ҳамагон ошкор шудааст, ки гурӯҳҳои террористии минтақа аз ҷумла ДИИШ, дар чорчуби сиёсатҳои султаталбона аз тарафи Амрико ва Арабистон ҳимоят ва хаттдиҳӣ мешаванд.

Ҳатит бо ишора ба таҳдидҳои ахири Муҳаммад ибн Салмон, ҷонишини валиаҳди Саудӣ, ки гуфта буд «ҷангро ба дохили Эрон мекашонем», афзуд, ҳамалоти террористии ахир аввалин гоми амалӣ барои иҷрои таҳдидҳое буд, ки Муҳаммад ибн Салмон ошкоро матраҳ кард.

Амин Ҳатит бо баёни ин ки бояд амалиёти террористии рӯз чаҳоршанбе дари Теҳронро шикастхӯрда ба ҳисоб овард, тасреҳ кард, бо вуҷуди 17 шаҳид ва ҳудуди 40 маҷрӯҳ, ҳадафи аслии амалиёт, яъне вуқӯъи инфиҷор дар дохили ҳарами имом Хумайнӣ (раҳ.) ва низ сайтара бар сохтимони Маҷлиси Эрон ва гаравгонгирӣ,таҳаққуқ пайдо накард.