ДИИШ Абубакри Бағдодиро канор гузошт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i18584-ДИИШ_Абубакри_Бағдодиро_канор_гузошт
Рӯзномаи саудии “Ашшарқ Алавсат" эълом кард, ки ДИИШ Абубакри Бағдодиро аз саҳнаи таҳаввулот канор гузошта ва кумитае 12 нафараро барои раҳбарии худ дар Сурия баргузидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ Абубакри Бағдодиро канор гузошт

Рӯзномаи саудии “Ашшарқ Алавсат" эълом кард, ки ДИИШ Абубакри Бағдодиро аз саҳнаи таҳаввулот канор гузошта ва кумитае 12 нафараро барои раҳбарии худ дар Сурия баргузидааст.

Ба иттилои Ирно, ин рӯзномаи арабӣ, ки сухангуи Оли Сауд дар сатҳи байналмилалӣ аст ва ба далели иртиботи танготанги Риёз бо саркардаҳои ДИИШ ва худ низ бо ин гурӯҳаки террористӣ иртиботи танготанге дорад, навиштааст: ДИИШ ба дунболи шикастҳои худ дар Сурияву Ироқ чунин тасмиме гирифта ва Шӯрои раҳбарии 12 нафараи худро бо унвони кумитаи марказӣ раҳсупори сарзамини Сурия кардааст .

Бар асоси ин гузориш, Шӯрои раҳбарӣ масъулияти анҷоми амалиёти низомӣ ва барномарезиҳои амниятӣ ва иттилоотӣ, судури фармонҳо, ҷамъоварии молиёт ва ҳисобрасӣ ва фаъолиятҳои тиҷориро бар уҳда дорад .

Ин рӯзномаи Саудӣ ҳамчунин кушта шудани Абубакри Бағдодӣ дар ҳамалоти ҳавоии Сурияро такзиб ва таъкид кардааст, ки Бағдодӣ дар Ироқ иқомат дорад на дар Сурия .