Июн 13, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди ДИИШ бар афзоиши ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон

Гурӯҳи террористии ДИИШ аз аносури худ хост, ҳамалоти террористиро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон густариш диҳанд.

Ба иттилои Ирно, гурӯҳи террористии ДИИШ асри душанбе дар як паёми савтии ҷадид аз аносури худ дар Амрико, Аврупо, Русия, Австралия, Ироқ, Сурия ва Филиппин хост, ки дар моҳи Рамазон ҳамалотеро дар ин кишварҳо тартиб бидиҳанд.

Рӯзи гузашта, паёме савтӣ дар канали телеграмии гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир шуд, ки ба назар мерасад, садои забтшуда дар ин паём мутааллиқ ба Абулҳасан Алмуҳоҷир, сухангуи расмии ин гурӯҳи террористӣ бошад .

Вай дар ин паёми савтӣ аз аносури ин гурӯҳ дар Аврупо, Амрико, Русия, Австралия ва дигарон хост, ки ҳамтоён қаблии худро дар ин кишварҳо улгу қарор диҳанд ва ҳамонанди онҳо амал карда ва ҳамалотеро алайҳи душманони ДИИШ тартиб диҳанд .

 

Барчасп