Июн 14, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • Абумазен, шарики ҷурми режими Исроил дар ҷинояти зидди Ғазза

Рӯзномаи саҳюнистӣ, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластинро шарики режими Исроил дар таҳти фишор қарор додани Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Борикаи Ғазза хонд.

Рӯзномаи Ҳааретс навишт: Ташкилоти худгардони Фаластин тамоюл дорад, бо рӯ дар рӯ қарор додани дубораи Исроилу Ҳамос, бо ин ҷунбиши фаластинӣ тасвияҳисоб кунад, зеро Ҳамос талошҳои ин ташкилотро барои оштӣ бо Ҷунбиши Фатҳ таҳқир кардааст .

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ бо ишора ба тасмими ахири Исроил барои коҳиши 40 дарсадии содироти барқ ба Борикаи Ғазза навиштааст: Бо тасмими Ташкилоти худгардони Фаластин барои мутаваққиф кардани пардохти ҳазина ба Исроил барои фурӯши барқ ба Ғазза, буҳрони ин минтақа беш аз пеш ташдид хоҳад шуд .

Ба навиштаи рӯзномаи Ҳааретс, Тел Авив тасмим дорад, Маҳмуд Аббос, танҳо шарики воқеии фаластинии Исроилро дар пешбурди рӯйкарди хасмонаи ҷадидаш зидди Борикаи Ғазза ҳамроҳӣ кунад .

Бар асоси ин гузориш, Маҳмуд Аббос аз вуқуи ҷанги дигаре, ки Исроил дар он шадидтар аз гузашта Ҳамосро ҳадаф қарор диҳад, норозӣ нест, ҳарчанд рӯйкарди кобинаи Исроил нишон медиҳад, ин режим барои оғози ҷанг бо Ҳамос тамоюле надорад .

 

Барчасп