Ибтилои низомиёни режими саҳюнистӣ ба бемории ношинохта
(last modified Sat, 17 Jun 2017 07:02:43 GMT )
Июн 17, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои низомиёни режими саҳюнистӣ ба бемории ношинохта

120 низомии режими саҳюнистӣ дар яке аз пойгоҳҳои артиши ин режим, дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ба бемории ношинохтае мубтало шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, сайти саҳюнистии 0404 фош кард, ки дар пайи ибтилои 120 низомии режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи низомии “Шезефим” ба бемории кушанда, артиши режими саҳюнистӣ ин пойгоҳро тахлия карда ва ҳазору 500 низомиро ба мураххасӣ фиристодааст.

Бар асоси ин гузориш, бархе низомиёни исроилии мубталошуда ба ин бемории ношинохта, ки машкук ба тоун (вабо) аст, карантин шудаанд ва пизишкони мутахассиси мубориза бо олудагӣ низ дар омодабош ба сар мебаранд.

 Манобеи пизишкии режими саҳюнистӣ гуфтаанд, агар пизишкон натавонанд мавориди ибтилоро ба суръат дармон кунанд, вазъияти низомиёни бемор бадтар хоҳад шуд.