Июн 19, 2017 12:48 Asia/Dushanbe
  • Вуруди низомиёни артиши Туркия ба Қатар

Давлати Қатар эълом кард, нахустин бахш аз низомиёни артиши Туркия дар чорчӯби иҷрои тавофуқномаи низомӣ байни ду кишвар вориди Доҳа (пойтахти Қатар) шуданд.

Ба гузориши ИРНА, неруҳои турк шомили сарбозони нерӯи заминии артиши Туркия ҳастанд ва пас аз вуруд ба шаҳри Доҳа ба пойгоҳи Ториқ бин Зиёди ин шаҳр мунтақил шуданд ва тамринотеро дар ин қароргоҳ оғоз карданд.

Туркия дар марҳалаи нахусти эъзоми низомиён ба Қатар, тонкҳо ва силоҳҳои сангинро низ ба Доҳа ирсол кардааст.

Парлумони Туркия ахиран қонуни эъзоми сарбозони артиши Туркия ба Қатарро тасвиб кардааст.

Вуруди низомиёни Туркия ба Қатар дар ҳолест, ки Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср таҳти фишори Амрико аз панҷуми июн, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ кардаанд.

Буҳрон байни ин кишварҳо, ба баҳонаи эъломи ҳимояти Қатар аз гурӯҳҳое дар минтақа, ки мавриди ҳимояти Эрон ҳастанд ва ин ки Доҳа бо куллияти ҷараёни арабӣ ҳамсу нест, оғоз шудааст.

 

Барчасп