Июн 20, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши кӯдакони эзадӣ дар Ироқ аз сӯи ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар се соли гузашта ба ҳазору 600 кӯдаки эзадии таҳти исорати худ, қатл, иҷрои амалиёти террористӣ ва сар буридан омӯзиш додааст.

Ба иттилои рӯзномаи кувайтии Алқабас, Хайрӣ Бузонӣ, мудири бахши эзадиҳои идораи авқоф ва умури динии минтақаи Курдистони Ироқ ҳушдор дод, эҳтимоли истифодаи такфириҳо аз ин кӯдакон дар амалиёти террористӣ вуҷуд дорад .

Бар асоси охирин омори мунташиршуда аз сӯи дафтари умури рабуда шудагони эзадӣ, дар устони Даҳук дар шимоли Ироқ, беш аз ҳазору 600 кӯдаки эзадӣ дар исорати гурӯҳи террористии ДИИШ қарор доранд .

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014, бо ҳимоятҳои молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии ин кишвар аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳое аз шимол ва ғарби ин кишварро ишғол кард .

Акнун ДИИШ охирин рӯзҳои ҳаёти худро дар Ироқ мегузаронад .

 

Барчасп