Июн 21, 2017 18:15 Asia/Dushanbe
  • Як фаъоли сиёсии Саудӣ: Подшоҳи Арабистон ба зудӣ канорагирӣ мекунад

Як фаъоли сиёсии маъруфи Саудӣ гуфт: Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон ба зудӣ ба нафъи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ҷадид, канорагирӣ хоҳад кард.

Муҷтаҳид, фаъоли сиёсии маъруфи Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе дар саҳифаи иҷтимоии Твиттер навишт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз аҳкоми ҷадид дар режими Оли Сауд иттилоъ дошт, аммо муассисот ва ниҳодҳои амрикоӣ ва кишварҳои аврупоӣ бисёр ғофилгир шудаанд .

Подшоҳи Арабистон бо судури ҳукме, Муҳаммад ибни ‌Ноифро аз валиаҳдӣ барканор ва Муҳаммад ибни ‌Салмонро, ки пештар ҷонишини валиаҳд буд, ба унвони валиаҳд ва ҷонишини худ таъин кард .

Подшоҳи Саудӣ ҳамчунин Муҳаммад ибни ‌Ноифро аз тамоми масъулиятҳояш аз ҷумла раёсати Шӯрои вазирон ва вазорати кишвар барканор ва Абдулазиз ибни ‌Саудро ба унвони вазири кишвари ҷадид муаррифӣ кард .

Тибқи ҳукми подшоҳи Арабистон, ибни Салмон илова бар валиаҳдӣ ва муовини нахуствазир, ҳамчунон тасаддии вазорати дифоъро бар уҳда хоҳад гирифт .

Аввалин бор дар торихи Арабистон аст, ки ҳукумат аз падар ба писар мунтақил мешавад, аз замони таъсиси подшоҳии Оли Сауд тахту тоҷ аз бародар ба бародар мунтақил мешудааст .

Бо таваҷҷуҳ ба инки ағлаби ифшогариҳои Муҷтаҳид токунун исбот шуда, баъид нест, ки то чанд рӯзи дигар Арабистон шоҳиди инҳисори алании қудрат дар дастони Муҳаммад ибни Салмони 31 сола бошад .