Нахустин филм аз инфиҷори манораи таърихии масҷиди Мусил ба дасти ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19050-Нахустин_филм_аз_инфиҷори_манораи_таърихии_масҷиди_Мусил_ба_дасти_ДИИШ
Манобеи ироқӣ нахустин видеоро аз лаҳзаи инфиҷори манораи масҷиди бузург ва таърихии шаҳри Мусил ба дасти ДИИШ, мунташир карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 22, 2017 12:53 Asia/Dushanbe

Манобеи ироқӣ нахустин видеоро аз лаҳзаи инфиҷори манораи масҷиди бузург ва таърихии шаҳри Мусил ба дасти ДИИШ, мунташир карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, масҷиди бузурги шаҳри Мусил, маъруф ба масҷиди Ан Нурӣ ва манораи каҷи таърихии он, мавсум ба Ал-Ҳадбо чаҳоршанбе шаб ба думболи наздик шудани неруҳои вижаи Ироқ ба террористҳои ДИИШ мустақар дар атрофи ин масҷид, ба дасти ДИИШ мунфаҷир шуд.

Салим ал Ҷабурӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Ироқ дар вокуниш ба ин иқдоми ДИИШ дар баёнияе эълом кард, инфиҷори масҷиди Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо нишонаи тафаккури бемори террористҳо аст, ки ҳатто ба ибодатгоҳҳо ва масҷидҳо ҳам раҳм намекунанд.

Абубакри Ал Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ, дар июни 2014 хилофати худхондаашро дар масҷиди ан Нурӣ эълом кард ва бар ҳамин асос, ин масҷид барои аносури ДИИШ дорои эътибор буд.

Бо вайрон шудани ин масҷид ба дасти ДИИШ, ин гурӯҳи террористӣ дар воқеъ поёни кори худро дар Мусил эълом кардааст.

Масҷиди Ан Нурӣ дар 568 ҳиҷрии қамарӣ (1173 мелодӣ) сохта шудааст.