Рӯзи ҷаҳонии Қудс: Фурсате барои иттиҳоди уммати исломӣ
Сухангӯи баталёнҳои Изуддин Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), рӯзи ҷаҳонии Қудсро фурсате барои иттиҳоди уммати исломӣ донист.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Абу Убайда- сухангӯи баталёнҳои шаҳид Изуддин Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши Ҳамос, рӯзи панҷшанбе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар сафҳаи иҷтимоии худ дар Твиттер навишт, вақти он расидааст, ки уммати исломӣ даргириҳои ҳошияиро канор гузошта ва маъмурияти худро барои поён додан ба ишғолгарии режими саҳюнистӣ оғоз кунад.
Холид Абдулмаҷид, дабири эътилофи гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ низ дар гуфтугӯ бо ИРНА, гуфт, рӯзи ҷаҳонии Қудс, имсол дорои аҳамияти вижае аст, зеро шаҳри Қудс ва муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ дар ин шаҳр бо хатари яҳудисозӣ ва ҳамалоти мудовими саҳюнистҳо рӯбарӯ аст.
Фардо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ва рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.
Ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ.) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст, то мусулмонони саросари ҷаҳон, нафрати худро аз сиёсатҳои нижодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.