Ҳамлаи нерӯҳои Саудӣ ба тазоҳуркунандагон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс
(last modified Sat, 24 Jun 2017 05:28:46 GMT )
Июн 24, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи нерӯҳои Саудӣ ба тазоҳуркунандагон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Низомиёни Саудӣ рӯзи ҷумъа бо худравҳои зиреҳӣ ба тазоҳуркунандагон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар маҳаллаи муҳосирашудаи ал-Масура дар шаҳраки ал-Авомия юриш бурданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин ҳамлаи саудиҳо дар вокуниш ба таҷаммӯи намодини ҷавонон дар маҳаллае дар шаҳраки ал-Авомия, дар бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва охирин ҷумъаи моҳи Рамазон анҷом шуд.

Бо вуҷуди муҳосираи шаҳраки ал-Авомия, ки вориди чиҳилупанҷумин рӯзи худ шудааст, ҷавонон таҷаммӯи намодиниро дохили маҳаллаҳои муҳосирашуда барпо карданд ва парчами Фаластинро барафроштанд.

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъ масъалаи Фаластинро масъалаи аслӣ ва марказии ҷаҳони Ислом хонданд ва таъкид карданд, Рӯзи Қудс рӯзи рӯёрӯии мустазъафон бо мустакбирини саудӣ - саҳюнистӣ аст, ки Фаластин ва шаҳраки ал-Авомияро мавриди таҳоҷум қарор додаанд.

Таҷаммӯъкунандагон дар шаҳраки ал-Авомия ҳамчунин рӯзи Қудсро рӯзи ҳамбастагии уммати исломӣ дар ёрӣ расонидан ба мустазъафон дар тамоми нуқоти ҷаҳон донистанд ва алайҳи зулму саркашии низомиёни Саудӣ шиорҳо сар доданд.

 Шарқи Арабистон аз соли 2011 дар эътироз ба беадолатӣ ва тақсими ноодилонаи сарват саҳнаи эътирозҳои шадид алайҳи режими Оли Сауд аст. Дар ин эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва шуморе дигар захмӣ шудаанд.