Июн 24, 2017 19:11 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати шоҳзодагони Саудӣ бо валиаҳдии Муҳаммад бин Салмон

Шуморе аз шоҳзодагони Саудӣ бо ирсоли нома ба подшоҳи Арабистон, ба таври расмӣ бо интихоби Муҳаммад бин Салмон ба унвони валиаҳди ин кишвар мухолифат карданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, бисту як нафар аз шоҳзоагони Саудӣ бо ирсоли нома ба Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон, дар бораи паёмадҳои хатарноки ин амр бар ояндаи ҳокимияти Оли Сауд дар Арабистон ва эҷоди шикоф ва ихтилоф миёни сарони Саудӣ ва фурӯпошии режими ҳоким бар ин кишвар ҳушдор доданд.

Шоҳзодагони Саудӣ таъкид карданд, интихоби Муҳаммад бин Салмон ба унвони шоҳи ояндаи ин кишвар, ҳокимияти Оли Саудро бо ояндае мубҳам рӯбарӯ хоҳад кард.

Муҳаммад бин Салмон, дар ҳоле ба унвони валиаҳди ҷадид муаррифӣ шуд, ки падараш бар хилофи васияти Малик Абдуллоҳ, шоҳи пешини Арабистони Саудӣ, ибтидо Муқрин бин Абдулазиз, валиаҳди вақтро канор зад ва баъд ҳам Муҳаммад бин Ноифро аз ин симат канор гузошт, то фарзандашро дар масири расидан ба подшоҳӣ қарор диҳад.

Дар тасовире, ки аз маросими байат бо валиаҳди ҷадиди Арабистон дар Кохи Сафо дар Маккаи Мукаррама ба таври зинда аз шабакаҳои мухталифи вобаста ба Арабистон пахш мешуд, яке аз шоҳзодагони Саудӣ вақте дар  баробари Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ҷадид қарор гирифт, ба шиддат ба вай эътироз кард.