Июн 25, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Посухи нерӯҳои ироқӣ ба тарҳи шиории Амрико дар мубориза бо ДИИШ

Нахуствазири Ироқ изҳор кард: Фармондеҳони амрикоӣ замони лозим барои нобудии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқро 10 то 30 сол баровард карда буданд.

Бархе расонаҳои минтақа, ҳамвора аз кумакҳои ҳавоии Амрико ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ филму акс гирифтаанд, аммо амрикоиҳо ба заъми худ ин асноди мувассақро такзиб кардаанд.

Фирдавс Алъаводӣ, аз намояндагони Парлумони Ироқ ҳам бо ишора ба коршикании Амрико дар фароянди озодсозии Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кард, нерӯҳои амрикоӣ гоҳе бо ҳадаф қарор додани низомиёни ироқӣ ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ ва ҳатто бо партоби кумакҳое аз ҳавопаймо барои ДИИШ, дарсадади тӯлонӣ кардани ҷанг дар Ироқ ҳастанд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ бо ишора ба тарҳи шиори ҷазбу маҳори терроризм аз сӯи фармондеҳони амрикоӣ гуфт: Нерӯҳои ироқӣ бо шиори нобудии терроризм ва радди ҳаргуна музокира бо террористҳо, дар муддате кӯтоҳ тавонистанд гурӯҳи ДИИШ-ро нобуд кунанд .

Алъибодӣ бо ишора ба инки террористҳо мекушанд, барои эҷоди шикоф ва нақс дар ҳарҷое аз Ироқ амалиёт анҷом диҳанд, афзуд, душман ба унвони як нерӯи мусаллаҳ рӯ ба рӯ намешавад, балки ба шеваи буздилона дар байни ғайринизомиён амалиёти инфиҷорӣ иҷро мекунад .

 

Барчасп