Идомаи пешравиҳо дар Мусили қадим
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19192-Идомаи_пешравиҳо_дар_Мусили_қадим
Бо вуҷуди гармои ҳаво, пешравии нерӯҳои ироқӣ дар кӯчаҳои борики Мусили қадим идома дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 25, 2017 14:05 Asia/Dushanbe

Бо вуҷуди гармои ҳаво, пешравии нерӯҳои ироқӣ дар кӯчаҳои борики Мусили қадим идома дорад.

Ба иттилои хабаргузории садо ва симо аз Мусил, пешравии нерӯҳои ироқӣ бо таваҷҷуҳ ба гармои тобистон ва кӯчаҳои борики минтақаи Алсоида дар Мусили қадим идома дорад.

Нерӯҳои ироқӣ бо нуфуз ба манотиқи маскунӣ, бархе масоҷид ва калисоҳои ин бахш аз Мусили қадимро озод карданд.

Пешбинӣ мешавад, то авохири ин ҳафта, охирин минтақаи нуфузи гурӯҳи такфирии террористии ДИИШ, ки ҳоло камтар аз як километри мураббаъ аст, озод шавад.