Июн 25, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти ваҳшиёнаи ДИИШ дар рӯзи иди Фитр

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар рӯзи иди Фитр ҷинояти ваҳшиёнае дигар офарид.

Як манбаи маҳаллӣ дар устони Киркук ба шабакаи Алсумария гузориш дод, аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар рӯзи иди Фитр ҳафт нафар аз шаҳрвандонро сар бурида ва аҷсодашонро тикка-тикка карданд .

Шабакаи Алсумария ба нақл аз ин манбаъ таъкид кард: Додгоҳи ба истилоҳ шаръии ДИИШ дар шаҳристони Алҳувайҷа дар 55 километрии ҷануби ғарбии Киркук, ҳукми сар буридани ин шаҳрвандонро ба иттиҳоми ҳамкории иттилоотӣ бо нерӯҳои ироқӣ, содир карда буд .

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ҳафт нафар имрӯз пас аз намози ид муқобили мардум сар бурида шуданд .

Ин манбаъ хотирнишон кард, аносури ДИИШ, пас аз он аҷсоди ин ҳафт нафарро тикка- тикка карданду тиккаҳои аҷсодро даруни кисаҳои пластикӣ қарор дода, дар атрофи Алҳувайҷа раҳо карданд .

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунон шаҳристони Алҳувайҷа ва манотиқи Алрашод, Алъаббосӣ, Алзоб ва Алриёзро таҳти контрол дорад ва ин манотиқ ба унвони пойгоҳи аслии ин гурӯҳи ҷинояткор ба шумор меояд .