Июн 29, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Суқути ДИИШ дар Ироқ

Телевизиони давлатии Ироқ аз суқути гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил ва поёни “хилофати худхонда”-и ин гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар хабар дод.

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи “Ал Олам”, дар пайи контроли неруҳои ироқӣ бар масҷиди ҷомеи Ан Нурӣ дар Мусил, вазорати дифои Ироқ эълом кард, ҳеҷ минтақае дар Мусил барои ДИИШ боқӣ намондааст.

    Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ, дар июни 2014 “хилофати худхондааш”-ро дар масҷиди Ан Нурӣ эълом кард ва бар ҳамин асос ин масҷид барои аносури ДИИШ аҳамияти зиёде дошт.

    Хабарҳо низ ҳокист, неруҳои ироқӣ бо вуҷуди ҳифзи ҷони ғайринизомиён ва таъхир дар пешравиҳои худ, аносури ДИИШ-ро дар манотиқи ҷанубии Мусили қадим муҳосира кардаанд.

   Дар ҳамин ҳол, манобеи ироқӣ аз кушта шудани даҳҳо тан аз аъзои ДИИШ дар ғарби Мусил хабар доданд.

    Аз сӯи дигар, дастгоҳ иттилоотии Ироқ, бозҷӯӣ аз Зиёд Ал Зубаъӣ, машҳур ба фармондеҳи кимиёвии ДИИШ-ро оғоз кард.

    Амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли ДИИШ октябри 2016 оғоз шуд ва неруҳои мусаллаҳи Ироқ тавонистанд дар муддати ҳудуди сад рӯз, бахши шарқии Мусилро ба таври комил озод кунанд.

    Неруҳои муштараки ироқӣ ҳамчунин аз феврали 2017 амалиёти озодсозии бахши ғарбии Мусилро оғоз карданд.

 

Барчасп