Июн 30, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Июни 2014 то июни 2017, оғоз ва поёни ДИИШ дар Ироқ

Нерӯҳои муштараки Ироқ танҳо чаҳор моҳ пас аз оғози амалиёти бузурги озодсозии ғарби Мусил, ки ба маънои поёни кори ДИИШ дар ин кишвар аст, дар остонаи эҷоди як нуқтаи атф ҳастанд.

Бо эъломи сарлашкар Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти озодсозии Мусил, ки аз озодсозии манотиқи ҷадид дар ғарби Мусил хабар дод, манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки танҳо ду минтақаи дигар дар ишғоли гурӯҳи террористи ДИИШ боқӣ мондааст. Агарчи мумкин аст, ҳамчунон бозмондаҳои ДИИШ дар бархе манотиқи Ироқ ҳузур дошта бошанд, аммо озодсозии бахши ғарби Мусил ба маънои поёни ҳаёти ҷамъӣ ва якдсти ДИИШ ва ҳифзи тамомияти сарзаминии Ироқ аст. Нуктаи муҳим ин аст, ки оғози ҳаёти ДИИШ дар Ироқ июни 2014 буд ва фаъолияти ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ низ дар июни 2017 поён ёфт. Лизо метавон моҳи июнро барои Ироқ як нуқтаи атфи сарзаминӣ талаққӣ кард.

Амалиёти озодсозии Мусил ба унвони охирин бахши мубориза бо террористҳои ДИИШ аз октябри 2016 оғоз шуд. Аз онҷое, ки Мусил, нахустин шаҳре буд, ки ба дасти террористҳои ДИИШ дар июни 2014 ишғол шуд ва мақарри аслии террористҳо дар Ироқ низ буд, ин амалиёт дар муқоиса бо дигар амалиёте, ки алайҳи терроризми диишӣ анҷом шуд, аҳаммияти ба маротиб бештаре доштааст.

Бинобарин, ду роҳбурди аслӣ барои ин амалиёт дар назар гирифта шуд. Нахустин роҳбурд, ҳузури нерӯҳои чандгонаи ироқӣ шомили артиш, полис, Ҳашадалшаъбӣ (нерӯҳои мардумии шиӣ), ашоири аҳли суннати Мусил ва ҳамчунин нерӯҳои курд дар ин амалиёт буд. Дуввумин роҳбурд низ ин буд, ки амалиёти озодсозии Мусил ба сурати минтақаӣ пайгирӣ шуд. Дар воқеъ ибтидо озодсозии шарқи Мусил аз октябри 2016 оғоз шуд, ки сад рӯз низ ба тӯл анҷомид ва сипас аз феврали 2017 амалиёти озодсозии бахши ғарби Мусил оғоз шуд, ки ин бахш низ акнун пас аз чаҳор моҳ дар остонаи поксозии комил қарор гирифтааст.

Ду нуктаи муҳим дар бораи муҳимтарин амалиёти мубориза бо терроризм дар Ироқ яъне амалиёти Мусил вуҷуд дорад. Нахуст инки мубориза бо терроризм ба иродаи ҷиддӣ ниёз дорад -онгуна, ки давлати Ироқ амал кард- ва шиор наметавонд террористҳо аъм аз диишӣ ё ғайридииширо шикаст диҳад. Дуввум инки мубориза бо терроризм ниёзманди ваҳдат ва иҷмои миллӣ аст, онгуна, ки дар Ироқ шиа ва суннӣ ва курд ҳамагӣ дар амалиёти Мусил мушорикат карданд ва Мусил ва пеш аз он низ устони Аланборро бахше аз хоки Ироқ дар назар гирифтанд ва на як минтақаи мутааллиқ ба як қавм.

Натиҷа инки бо нигоҳ ба муборизаи Ироқ бо терроризм метавон бар ин мавзуъ таъкид кард, ки агар қудратҳои хориҷӣ ба хусус Амрико дар фароянди мубориза бо терроризм дар Сурия низ мудохила ва коршиканӣ накунанд, соли 2017 поёни ҳаёти террористҳо дар Сурия низ хоҳад буд.