Ибодӣ поёни ҳукумати ДИИШ-ро дар Ироқ эълом кард
(last modified Fri, 30 Jun 2017 11:20:00 GMT )
Июн 30, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Ибодӣ поёни ҳукумати ДИИШ-ро дар Ироқ эълом кард

Нахуствазири Ироқ дар паёми твиттерие поёни ҳукумати худхондаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Ироқ эълом карда гуфт: “Тамоми аъзои ДИИШ-ро ҳалок ва ё асир хоҳем кард”.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «ал-Ироқия», Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ дар ин паёми твиттерӣ афзуд, тасарруфи масҷиди «ан-Нурӣ» ва бозгардондани ин масҷиди қадимӣ ба оғӯши кишвар ба маънии эъломи поёни «ҳукумати ботили ДИИШ» дар Ироқ аст.

Масҷиди “ан-Нурӣ” маконе аст, ки Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар моҳи июни соли 2014 аз минбари он эъломи хилофат карда буд. Дар ҳамин ҳол, телевизиони давлатии Ироқ бо қатъи барномаҳои одии худ ва пахши сурудҳои ҳамосию меҳанӣ ба истиқболи хабари эъломи озодии комили Мавсил рафт. Аз сӯи дигар Вазорати дифои Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки нерӯҳои ироқӣ то эъломи ниҳоии поксозии комили ин кишвар аз вуҷуди гурӯҳи террористии ДИИШ фосилаи зиёде надоранд.

Шаҳри Мавсил аз моҳи июни соли 2014 то кунун пойтахти ДИИШ дар Ироқ маҳсуб мешуд.