Гиряи хатиби ҷумъаи ДИИШ барои Абубакр Бағдодӣ
Бархе манобеъ дар Ироқ гуфтаанд, ки хатиби намози ҷумъаи ДИИШ дар минтақаи Талъафар дар Ироқ имрӯз ҳангоми қироати хутба, вақте ба номи Абубакр Бағдодӣ, раҳбари ин гурӯҳи такфирӣ расид, гиря кард.
Ба гузориши ИРНА, “Сумария нюз”, як пойгоҳи хабарӣ дар Ироқ дар гузориши худ ба нақл аз манобеи маҳаллӣ номи хатибро Абуқутайба, аз наздикони Бағдодӣ муаррифӣ карда афзудааст, ҳангоме ки Абуқутайба номи Абубакр Бағдодиро ба забон ронд, контролашро аз даст дод, барои лаҳазоте суханонашро қатъ карду гирист.
Интишори ин хабар бархе овозаҳои марбут ба ҳалокати раҳбари ДИИШ-ро тақвият мекунад. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, маъмулан хутбаҳои ин хатиб аз назари гурӯҳи террористии ДИИШ бисёр муҳим аст ва иттифоқи имрӯз шояд ишораи зудҳангом ба ҳалокати раҳбари ин гурӯҳи террористӣ бошад. Пештар бархе манобеи русӣ аз ба ҳалокат расидани Абубакр Бағдодӣ хабар дода буданд, вале дар муқобил манобеи амрикоӣ онро рад карданд.