Июл 05, 2017 13:50 Asia/Dushanbe
  • ЮНЕСКО бо судури қатъномае “ишғолӣ будани Қудс”- ро таъйид кард

ЮНЕСКО бо судури қатъномаи ҷадиде ба ишғолӣ будани Қудс раъй дод ва эълом кард, режими саҳюнистӣ ҳеҷ ҳаққу моликияте бар Қудс надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кумитаи мероси ЮНЕСКО бо судури қатъномае эълом кард, Қудс шаҳре ишғолшуда аст ва режими саҳюнистӣ ҳеҷ моликияте бар ин шаҳр надорад.

ЮНЕСКО ҳамчунин дар ин қатънома ҳаффориҳои режими саҳюнистӣ дар Қудсро маҳкум кард.

Ин қатънома дар нишасти ЮНЕСКО дар шаҳри Кракови Полша бо 10 раъйи мусбат дар муқобили 8 раъйи бетараф ва се раъйи манфӣ тасвиб шуд.

Кишварҳои Озарбойҷон, Индонезия, Лубнон, Тунис, Қазоқистон, Кувайт, Туркия, Ветнам, Зимбабве ва Куба ба ин қатънома раъйи мусбат доданд.

Ҳамчунин кишварҳои Ангола, Хорватия, Финландия, Перу, Полша, Португалия, Корея ва Танзания ба он раъйи мумтанеъ ва кишварҳои Филиппин, Ямайка ва Буркина-Фасо ба он раъйи манфӣ доданд.

 Таллол Абузарифа, узви Ҷабҳаи демократӣ барои озодии Фаластин дар вокуниш ба судури ин қатънома эълом кард, ин мавзӯъ як пирӯзии ҷадид барои миллати мо ва таъкид бар ҳаққи фаластиниҳо дар Қудс ва Масҷидулақсо, хатти бутлон кашидан бар тамоми дурӯғгӯҳои исроилӣ ва низ як зарбаи ҷадид ба давлати Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп