Хашми суриҳо аз рафтори ноиби муфтии Доғистон (акс)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19668-Хашми_суриҳо_аз_рафтори_ноиби_муфтии_Доғистон_(акс)
Рафтори таҳқиромези ноиби муфтии Доғистони Русия дар қиболи суриҳо ба хашми густурдаи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Сурия сабаб шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Хашми суриҳо аз рафтори ноиби муфтии Доғистон (акс)

Рафтори таҳқиромези ноиби муфтии Доғистони Русия дар қиболи суриҳо ба хашми густурдаи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Сурия сабаб шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, корбарони сурии шабакаҳои иҷтимоӣ тасвирҳои Шаҳобуддин Ҳусейнов, ноиби муфтии Доғистонро мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад, ӯ дар дидор аз Сурия бо равиши комилан тавҳиномез миёни шаҳрвандони Сурия пул тақсим мекунад. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Ҳусейнов хостанд, то ба хотири ин рафтораш аз мардуми Сурия узрхоҳӣ кунад.  Онон ҳамчунин аз Вазорати авқофи Сурия низ ба далели даъват аз ноиби муфтии Доғистони Русия ба шиддат интиқод кардаанд. Фаъолони фазои маҷозӣ пурсидаанд, чӣ гуна фарде, ки худашро олими дин ва ҷонишини муфтии як кишвар медонад, ба худ иҷоза дода, то бо мардуми як кишвари дигар чунин рафтор кунад?