Июл 08, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • Шуморе аз низомиёни Саудӣ дар Қатиф кушта ё захмӣ шуданд

Шуморе аз низомиёни Саудӣ бар асари инфиҷор як худрав наздики мавонеи низомӣ дар минтақаи Ал Носира дар устони Ал Қатиф дар шарқи Арабистон, кушта ё захмӣ шуданд ва худравҳои онон ба оташ кашида шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, шабакаи Офоқ эълом кард, шуморе аз муздурони Саудӣ бомдоди имрӯз дар инфиҷори як худрав наздики мавонеи низомӣ дар устони Ал Қатиф, кушта ё захмӣ шуданд ва худравҳои онон ба оташ кашида шуд. Манобеи мувассақ эълом карданд, муздурони Оли Сауд дар Ал Носира пас аз ин инфиҷор, ба ҳоли омода бош даромадаанд ва ҳамаи хиёбонҳои ин маҳалларо бо худравҳои зиреҳпӯш бастаанд.

Ҳамзамон маркази неруҳои вокуниши сареъ дар Ал Авомия ва истгоҳи низомӣ дар маҳаллаи Ал Носира, шурӯъ ба тирандозии пароканда ва беҳадаф кардаанд.

Ин манобеъ афзуданд, муздурони Оли Сауд пас аз кушта ё захмӣ шудани шуморе аз низомиёни Саудӣ, ҳамалоти густурдаеро бо даҳҳо дастгоҳ тонк ва худрави зиреҳӣ дар минтақаи Ал Носира, шурӯъ кардаанд.

Онон ҳамчунин ин минтақаро муҳосира кардаанд ва ҳамзамон бо тирандозии беҳадаф, ба мардум ҳамла мекунанд ва ба хонаҳои онон осеб мезананд.