Қатар: Кори Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс тамом аст
Муовини нахуствазири Қатар гуфт: Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс тақрибан ба поёни кори худ расидааст.
Рӯзномаи Ашшарқи Қатар навишт: Абдуллоҳ ибни Ҳамад Алъатия дар гуфтугӯ бо як барномаи телевизионӣ гуфт: “Мо Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро дар соли 1981 таъсис кардем, аммо акнун ба назар мерасад, ки ин шӯро тақрибан ба поёни кори худ расидааст”.
Ин мақоми қатарӣ гуфт: Қатар дар буҳрони ҷорӣ дарси муҳиме гирифт ва фаҳмид, бояд ба худаш муттакӣ бошад ва чандон ба бародарони худ, ки иқдом ба муҳосираи Давҳа кардаанд, эътимод накунад .
Алъатия гуфт: “Иморот ҳануз воридоти газро аз Қатар қатъ накарда, чун 30 дарсад аз тавлиди барқи ин кишвар ба гази Қатар вобаста аст ва агар мо ҳомии терроризм будем, чаро аз Қатар газ ворид мекунанд ва садҳо миллион доллар ба мо мепардозанд”?
Ин мақоми қатарӣ дар бораи шарти қатъи равобити Давҳа бо Теҳрон, ки чаҳор кишвари арабӣ хоҳони он ҳастанд низ гуфт, Қатар танҳо дар сурате равобит бо Эронро қатъ мекунад, ки ҳамаи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс равобити дипломатӣ, иқтисодӣ ва ҳавоии худро бо Теҳрон қатъ кунанд .
Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн, ки панҷуми июни гузашта қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом карда буданд, 23 июн феҳристи 13 гонае аз дархостҳоро ба Қатар таҳвил доданд ва пас аз посухи манфии Қатар эълом карданд, ки тадобир ва тасмимоти ҷадиде зидди Давҳа иттихоз хоҳанд кард .