Алъибодӣ ба сурати расмӣ озодии Мусили Ироқро эълом кард
Нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бо вуруд ба шаҳри озодшудаи Мусил, дастёбӣ ба ин пирӯзии бузургро ба муборизон ва миллати Ироқ табрик гуфт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алироқия, Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ баъд аз зуҳри имрӯз ба шаҳри Мусил дар 450 километрии шимоли Бағдод рафт ва расман пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии ДИИШ-ро баъд аз 37 моҳ табрик гуфт .
Фармондеҳии амалиёти муштараки Ироқ рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, бахши қадимии Мусил таҳти контроли нерӯҳои ироқӣ даромад .
Амалиёти озодсозии Мусил аз 17 октябри 2016 оғоз шуд. Бахши шарқии Мусил дар 24 январи 2017 аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод ва амалиёт барои озодии ғарби Мусил низ аз 19 феврали имсол оғоз шуд.
Нерӯҳои ироқӣ таи 37 моҳи гузашта гурӯҳи террористии ДИИШ-ро, ки то дарвозаҳои Бағдод низ расида буд, дар ҳамаи устонҳо ва аз ҷумла Найнаво шикаст доданд ва танҳо се шаҳри Талафар дар ғарби Мусил, Алҳувайҷа дар ҷануби Киркук ва Алқоим дар ғарби устони Аланбор ҳануз дар ихтиёри ДИИШ аст .