Моҷарои нуфузи “шери Мусил” байни диишиҳо
Иқдоми далеронаи яке аз сарбозони ягонҳои вижаи артиши Ироқ дар амалиёти озодсозии Мусил, номи ӯро ба унвони “шери Мусил” бар сари забонҳо андохтааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи ал Олам, Муҳаммад Қосим дар амалиёти озодсозии Мусил барои ҷамъоварии иттилоот ба даруни гурӯҳи террористии ДИИШ нуфуз кард.
Муҳаммад Қосим пас аз тағйири либос ва силоҳаш террористҳоро фиреб дод ва ба онҳо наздик шуд.
Ин сарбози ягони вижаи Ироқ, саранҷом пас аз ҷамъоварии иттилооти лозим ва куштани шаш тан аз аносури ДИИШ, аз ҷамъи онон фирор кард ва ба ҳамразмонаш пайваст.
Муҳаммад Қосим пас аз бозгашт “шери Мусил” ном гирифт ва иртиқоӣ дараҷа ёфт.
Ҳайдар Ибодӣ рӯзи якшанбеи гузашта, расман озодсозии комили шаҳри Мусилро эълом кард.