Арабистон, ҳоми молии гароиши мунҷар ба терроризм дар Биритониё
Сафири собиқи Биритониё дар Риёз режими Арабистонро таъминкунандаи буҷаи як навъ гароиши ифротии муртабит ба терроризм муаррифӣ кард.
Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи “Индепендент”, Виллиам Поти, сафири пешини Биритониё дар Риёз дар мизи гирди парлумонии Шӯрои муҳофизакори Ховари Миёна тасреҳ кард, Арабистон таъминкунандаи буҷаи гароише аст, ки ба фаъолитҳои ифротию террористӣ дар Биритониё мунҷар мешавад. Ӯ афзуд, саудиҳо ҳанӯз комилан намефаҳманд, ки паёмадҳои таъмини буҷа барои гароишҳои ифротӣ ба Биритониё ва Аврупо маҳдуд намешавад ва бояд дар бораи ин фаъолиятҳои носолими Арабистон коре анҷом дод. Ин дипломати пешини Биритониё ироаи таъриф аз таъмини буҷаи терроризмро душвор тавсиф карда гуфт, “лозим аст, дар ин бора бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс гуфтугӯ кунем”.
Виллиам Потии 64-сола дар солҳои 2006-2010 сафири Биритониё дар Арабистон буда, раёсати идораи Ховари Миёнаро низ дар Вазорати умури хориҷии Биритониё ба уҳда доштааст.
Ин суханони Поти дар ҳол аст, ки худдории Ҳукумати Биритониё аз интишори гузориши таъмини буҷаи гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар интиқодҳои густурдае дар пай доштааст. Мунтақидон таъкид доранд, мунташир нашудани чунин гузорише бо ҳадафи ҳимоят аз Арабистон анҷом мешавад.