Июл 16, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Пахши зиндаи худкушии ҷамъии омилони инфиҷори ДИИШ дар Ироқ

Дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ аз нерӯҳои ироқӣ, омилони инфиҷори ин гурӯҳи террористӣ дар каронаҳои рӯди Даҷла, ба таври ҷамъӣ худкушӣ карданд.

  Ба гузориши Ал Олам, дар як иттифоқи бесобиқа, шабакаи телевизионии лубнонии Алмаёдин, амалиёти худкушии ҷамъии омилони инфиҷори ДИИШ-ро ба таври зинда аз Ироқ пахш кард.

  Аносури инфиҷории ДИИШ пас аз муҳосира шудан дар каронаи рӯди Даҷла ва ин, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, наметавонанд худро дар миёни сарбозони ироқӣ мунфаҷир кунанд, дар иқдоме бесобиқа, худкушӣ карданд.

   Ягони уқобҳо вобаста ба неруҳои мусаллаҳи Ироқ, ба боқимондаҳои диишҳо дар ғарби Мусил ҳушдор дод, ки ду роҳ бештар надоранд, ё таслим шаванд ё бимиранд.

   Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки амалиёти Ироқ рӯзи шанбе эълом кард, ки 250 нафар аз аносури ДИИШ дар туннелҳое дар Мусил дастгир шудаанд.

   Raed Shaker Jawdat- фармондеҳи пулиси федералии Ироқ, шумори ғайринизомиёнеро, ки аз дасти ДИИШ аз Мусил фирор кардаанд,  9 ҳазору  635 нафар эълом ва изҳор кард, шумор оворагони ироқӣ ба 63 ҳазору 604 нафар расидааст.

   Ҳайдар Ибодӣ-нахуствазири Ироқ, 10 июли ҷорӣ, озодии комили Мусилро расман эълом кард.

 

Барчасп