Июл 16, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Ироқ: Абубакри Бағдодӣ ҳануз зинда аст

Бахши иттилооти Вазорати кишвари Ироқ марги Халифаи худхондаи ДИИШ-ро рад ва эълом кард, ки вай дар ҷое хориҷ аз шаҳри Раққа дар Сурия, махфӣ шудааст.

Бахши иттилоотии Вазорати кишвари Ироқ марги Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро рад кард .

Ба навиштаи Алсабоҳ, рӯзномаи расмии Ироқ, Абуалӣ Албасрӣ, мудири кулли бахши иттилоот ва мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ мегӯяд, ки Бағдодӣ ҳануз зинда ва дар хориҷ аз шаҳри Раққаи Сурия дар маконе махфӣ шудааст .

Вай афзуд: Бар асоси расадҳо ва иттилооти дақиқи ба дастомада аз таҳаррукоти Бағдодӣ дар сервисҳои иттилоотии байналмилалӣ ва арабӣ, бахши иттилооти Вазорати кишвари Ироқ, хабари марги саркардаи ДИИШ-ро рад мекунад .

Албасрӣ таъкид кард: Пас аз озодсозии Мусил, ин воқеият кашф шуд, ки тавонмандиҳои террористҳои ДИИШ сирфан Ироқ ва кишварҳои минтақаро таҳдид намекунад, балки тарҳҳо ва омӯзишҳои он бо ҳадафи сайтара бар бисёре аз манотиқ дар ҷаҳон идома дошт. Пас аз шикастҳои ахири ДИИШ дар Ироқ ва ба таври мушаххас дар Мусил ва Сурия, баъид нест, ки бархе шаҳрҳои ҷаҳон, ҳадафи ҳамалоти террористии ин гурӯҳ қарор гирад .