Террористи диишӣ Туркияро расво кард
Июл 16, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
Як террористи туниситабор, ДИИШ ва нақши Туркия дар заминаи вуруди аносури ин гурӯҳи террористӣ ба Сурияро ифшо кард.
Ба гузориши Алъолам, ин шахс, ки тавассути нерӯҳои курд дастгир шудааст, ба шабакаи телевизионии "Алон" гуфт: Туркия вуруд ба Сурияро тазмин кардааст, метавонӣ аз фурӯдгоҳ ё марзҳои заминӣ вориди Сурия шавӣ, ҳукумати он бахше аз Ихвон аст, дар фурӯдгоҳи Истанбул ашхосеро меёбӣ, ки роҳнамоият мекунанд, ки чигуна вориди Сурия шавӣ.
Гузоришҳои матбуотии мунташира дар чанд соли ахир, ҳокӣ аз ифои нақши Туркия дар заминаи интиқоли аносури гурӯҳи террористии ДИИШ аз хоки худ ба Сурия бо ҳадафи ҳимоят аз ин созмони террористӣ мебошад .