Кашфи шонздаҳумин гури ҷамъии қурбониёни ҷинояти Спейчери Ироқ
(last modified Mon, 17 Jul 2017 11:48:40 GMT )
Июл 17, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Кашфи шонздаҳумин гури ҷамъии қурбониёни ҷинояти Спейчери Ироқ

Нерӯҳои ироқӣ шонздаҳумин гури ҷамъии мутааллиқ ба қурбониёни ҷинояти Спейчерро дар минтақаи кохҳои раёсатҷумҳурӣ дар Тикрит кашф карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, ёздаҳум ва давоздаҳуми июни 2014, террористҳои ДИИШ бо тасарруфи манотиқи васее аз шимол ва маркази Ироқ аз ҷумла пойгоҳи ҳавоии Спейчер дар наздикии Тикрит дар устони Салоҳиддин, ҳазору 700 танро ба қатл расонданд.

Додгоҳи ҷиноии марказии Ироқ ду сол қабл, ҳукми эъдоми 40 танро, ки дар куштори пойгоҳи Спейчер ширкат доштанд, содир кард .

Токунун 15 гури мутааллиқ ба қурбониёни ҷинояти Спейчер кашф шудааст, ки бештари ин қурбониён аз донишҷӯёни пойгоҳи ҳавоии Спейчер будаанд .

Ҳангоми юриши ДИИШ ба пойгоҳи ҳавоии Спейчер дар Тикрити Ироқ дар июни 2014, ҳудуди чаҳор ҳазор донишҷӯи низомии ғайримусаллаҳ дар пойгоҳ ҳузур доштанд, ки аз ин теъдод ҳазору 700 донишҷӯи шиаи ғайримусаллаҳ қатли ом шуданд .