Илтимоси аносури ДИИШ аз аҳолии Мусил ҳангоми тарки шаҳр
Аносури гурӯҳи террористии ДИИШ аз аҳолии оворашудаи Мусил мехоҳанд, ононро ба нерӯҳои амниятии Ироқ таҳвил надиҳанд.
Пойгоҳи Сумария Ниюз ба нақл аз манобеи иттилоотии худ гузориш дод, аносури террористии ДИИШ миёни хонаворҳои оворашуда аз Мусил махфӣ шудаанд ва бо илтимосу зорӣ аз оворагон мехоҳанд, ки ҳангоми хуруҷ аз Мусил онҳоро ба нерӯҳои амниятӣ надиҳанд .
Террористҳо мехоҳанд фурсат пайдо кунанд, битавонанд ба шаҳри Раққа, пойтахти худхондаи ДИИШ дар Сурия фирор кунанд .
Бар асоси ин гузориш, аҳолии Мусил ба иллати ситамҳо ва мусибатҳое, ки террористҳо бар сарашон овардаанд, аз хостаи аносури террористӣ сарбоз мезананд ва ҳар ҷо, ки террористе такфирӣ мушоҳида кунанд, ба нерӯҳои амниятӣ гузориш медиҳанд .
Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ рӯзи даҳуми июли 2017 хабари пирӯзӣ ва озодсозии комили шаҳри Мусилро аз ишғоли террористҳои ДИИШ эълом кард .