Қудси Шариф дар муҳосираи низомиёни саҳюнист
Понздаҳ ҳазор низомии режими саҳюнистӣ шаҳри Қудсро ба муҳосираи худ дароварда, бо фаластиниён даргир шуданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, ҳазорон низомии режими саҳюнистӣ, ки аз субҳи ҷумъа барои ҷилавгирӣ аз вуруди намозгузорони фаластинӣ ба саҳни Масҷид-ул-ақсо ин масҷидро муҳосира карда буданд, бо фаластиниён даргир шуданд. Дар ҳамлаи ишғолгарони Қудс ба намозгузорони фаластинӣ дар атрофи Масҷид-ул-ақсо дастикам як фаластинӣ ба шаҳодат расида, шумори зиёде низ захмӣ шуданд. Ин ҷавони фаластинӣ рӯзи ҷумъа дар шарқи Қудс ба зарби гулӯлаи саҳюнистҳо шаҳид шуд. Бо шаҳодати ин ҷавони фаластинӣ шумори шуҳадои интифозаи Қудс аз октябри соли 2015 то кунун ба 341 нафар расид.
Расонаҳои хабарӣ авзои имрӯзаи Фаластини ишғолиро сарнавиштсоз хонда, аз шуълавар шудани интифоза дар минтақа хабар додаанд. Қарор аст, дар эътироз ба иқдомоти саркӯбгаронаи ахири режими саҳюнистӣ дар Масҷид-ул-ақсо тазоҳуроти густурда дар саросари Фаластин ва бархе кишварҳои дигар баргузор шавад.
Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ пас аз ҷаласаи чаҳорсоатаи шаби гузаштаи худ тасмим гирифт, дарвозаҳои насбшуда дар вурудиҳои Масҷид-ул-ақсо ҳамчунон боқӣ бимонанд, то вуруди намозгузорон ба ин макони муқаддас маҳдуд шавад.