Июл 22, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи Оятуллоҳ Систонӣ дар бораи рафтор бо асирони ДИИШ

Марҷаи олиқадри мусалмонон интиқом аз асирони ДИИШ-ро рад ва таъкид кард, афроди ДИИШ ва ҳамдастони онон, ки дар амалиёти озодсозии Мавсил ба асорат гирифта шуданд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд озор ва азият шаванд ва бо онон бадрафторӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри мусалмонон дар Ироқ бо таъкид бар ин ки бадрафторӣ ва шиканҷаи асирони ДИИШ ҷурм аст эълом кард, таҳвили онҳо ба дастгоҳи қазоӣ одилона ва низ ҳифозат аз ҷони шаҳрвандон зарурӣ аст.

Дар амалиёти озодсозии Мавсил шумори зиёде аз афроди ДИИШ ба асорати нерӯҳои ироқӣ даромаданд.

 Як манбаи маҳаллӣ дар вилояти Найнавои Ироқ эълом кард, ДИИШ ба далели паҳн шудани бемориҳои кушандае монанди сили шуш, теъдоде аз зиндонҳои худро дар Талъафар, дар ғарби Мавсил холӣ кардааст.

Бо эъломи хабари озодсозии Мавсил, маркази вилояти Найнаво дар даҳуми июл, Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ эълом кард, ба зудӣ амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар, дар вилояти Найнаво ва ал-Ҳавиҷа, дар ҷануби вилояти Киркук оғоз хоҳад шуд.

 

Барчасп