Машварати Эрдуғон бо сарони араби ҳошияи Халиҷи Форс
Раиси ҷумҳури Туркия, ки барои ройзанӣ (машварат) дар бораи буҳрони Қатар дар садри ҳайате рӯзи якшанбе, озими кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс шуда буд, пас аз музокира бо мақомоти Арабистони Саудӣ озими Кувейт шуд.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон замони вуруд ба Кувейт мавриди истиқболи Шайх Сабоҳ ал Аҳмад ал Ҷобир ал Сабоҳ, амири ин кишвар қарор гирифт.
Раиси ҷумҳури Туркия дирӯз низ дар Арабистони Саудӣ бо подшоҳ ва валиаҳди ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард ва қарор аст, фардо (сешанбе) бо сафар ба Доҳа, бо мақомоти Қатар дидор ва музокира кунад.
Эрдуғон пеш аз оғози сафари худ дар мусоҳибаи матбуотӣ дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул, аз вуҷуди мушкилот дар кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ба ҳар баҳона ва шакле, ибрози нороҳатӣ кард.
Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн, панҷуми июн қатъи равобити дипломатии худро бо Қатар эълом ва таҳримҳое алайҳи ин кишвар ҷорӣ карданд.
Яке аз шартҳои ин чаҳор кишвар барои беҳбуди равобит бо Доҳа, таътилии пойгоҳи низомии Туркия дар Қатар буд.