Чеченҳои ДИИШ кӯдакон худро дар Мусил раҳо карданд ва гурехтанд (акс)
(last modified Mon, 24 Jul 2017 08:58:51 GMT )
Июл 24, 2017 13:58 Asia/Dushanbe
  • Чеченҳои ДИИШ кӯдакон худро дар Мусил раҳо карданд ва гурехтанд (акс)

Аносури хориҷии ДИИШ ҳангоми фирор аз шаҳри Мусил, кӯдакони худро дар ин шаҳр раҳо кардаанд ва ба тозагӣ гурӯҳе аз кӯдакони чеченӣ дар ин шаҳр пайдо шудаанд.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз шабакаи Сумирия нюз, вазорати кор ва умури иҷтимоии Ироқ эълом кард, гурӯҳе аз кӯдакони чеченӣ, ки дар Мусил пас аз фирори ДИИШ пайдо шуда буданд, ба марокизи нигаҳдории кӯдакони бесарпараст таҳвил дода шуданд.

 Бино бар эъломи ин ниҳод, ин кӯдакон ҳеҷ мадраки шиносоӣ надоранд ва маълум нест, ки падар ва модари онҳо чӣ касоне ҳастанд.

  Абир Чилабӣ, масъули идораи умури маълулон дар вазорати кор ва умури иҷтимоии Ироқ, дар мусоҳиба бо Сумирия нюз гуфт, кӯдакони чеченӣ, ки баъд аз озодсозии манотиқи таҳти тасарруфи ДИИШ дар устон Найнаво ва фирори диишиҳо пайдо шуданд, вазъияти ҷисмии хубе надоштанд ва пас аз дармонҳои аввалия ба яке аз марокизи нигаҳдории кӯдакони бесарпараст сипурда шуданд.

  Абир Чилабӣ гуфт, агар дар муддати як сол ҳеҷ иттилое аз хонавода ва ҳувияти ин кӯдакон бадаст наёяд, мадраки шиносоӣ барои онҳо содир хоҳад шуд.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption