Июл 25, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Шарти Қатар барои гуфтугӯ бо чаҳор кишвари арабӣ

Вазири умури хориҷаи Қатар бар мухолифат бо ҳаргуна гуфтугӯ дар бораи ҳар масъалае, ки ба ҳокимияти ин кишвар латма бизанад, таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар бо ишора ба мавзеи Давҳа барои ҳалли буҳрони Халиҷи Форс аз тариқи гуфтугӯи мубтанӣ бар эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ ва ҳокимияти Қатар эълом кард: Гуфтугӯ дар бораи ҳар мавзуе, ки ба ҳокимияти Қатар латма бизанад, пазируфтанӣ нест .

Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ҷумъа шаби гузашта низ аз омодагии Давҳа барои ҳалли ихтилофи чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Қатар бо шарти эҳтиром ба ҳаққи ҳокимияти кишвараш хабар дода буд.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷи июни гузашта бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз терроризм, равобити худро бо Давҳа қатъ карданд ва ҳамзамон марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро бар рӯи Қатар бастанд .