Июл 25, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ду соли зиндон барои кӯдакони фаластинӣ ба ҷурми партоби санг

Раиси умури асирон ва озодагони фаластинӣ аз боздошти 1200 кӯдак дар як сол дар Фаластини ишғолӣ ба дасти низомиёни ишғолгари саҳюнист хабар дод.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Исо Қароқаъ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, боздошти кӯдакони фаластинӣ ба дасти низомиёни режими сҳиунистӣ ба таври миёна дар сол аз 700 ба 1200 маврид расидааст. Қароқаъ афзуд, кӯдакони фаластинӣ танҳо ба иттиҳоми партоби санг боздошт ва ба ду соли зиндон маҳкум мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, режими саҳюнистӣ дар панҷ рӯзи гузашта 160 нафар аз сокинони Қудси ишғолиро боздошт кардааст, ки аксари онон зану кӯдак ҳастанд. Раиси умури асирону оворагони фаластинӣ афзуд, Исроил ҳамчунин шумори зиёде аз фаъолони фаластинии сокини Қудс ва коркунони Масҷид-ул-ақсоро дар рӯзҳои гузашта табъид кардааст.

Ҳудуди ҳафт ҳазор фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил маҳбус ҳастанд, ки 62 нафари онон зан ва 300 нафарашон ноболиғ мебошад.

 

Барчасп