Июл 31, 2017 13:11 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Қатар аз Арабистон ба иттиҳоми сиёсӣ кардани Ҳаҷ

 Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар дар номае ба гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури озодиҳои динӣ ва ақидатӣ аз Арабистон, ба иттиҳоми сиёсӣ кардани фаризаи Ҳаҷ шикоят кард.

   Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Форс, Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар дар ин нома, амалкарди Арабистон дар иҷрои фаризаи Ҳаҷро нақзи ошкор тамоми муоҳидот ва конвенсияҳои байналмилалӣ донистааст.

  Дар ин нома омадааст, мақомоти Саудӣ аз замони оғози муҳосираи Қатар дар панҷуми июн, иқдомотеро барои мамониат аз сафари шаҳрвандони қатарӣ ва баҷо овардани маросими Ҳаҷи фарзӣ ва умра анҷом додаанд.

  Дар ҳамин, ҳол Вазорати авқофи Қатар эълом кардааст, ки мақомоти Саудӣ дар мавриди таъмини амнияти ҳоҷиёҷи қатарӣ, иртиботе барқарор накардаанд ва сойти номнависӣ барои онҳо бастааст.

  Як рӯзномаи мисрӣ бо интиқоди шадид аз иқдоми Арабистон дар ҷилавгирӣ аз вуруди ҳоҷиёҷи қатарӣ ба ин кишвар эълом кард, ки ҳокимони Саудӣ ба бемории ҷунуни говӣ мубтало шудаанд.

 Рӯзномаи мисрии «Алшаъб» дар ёддошти кӯтоҳ навиштааст, шаҳрҳои Макка ва Мадина вақфи ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ҳастанд ва на низоми Арабистони Саудӣ ва на ҳеҷ кишвари дигаре наметавонд ин ду шаҳрро қабза кунад.

 

Барчасп