Июл 31, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Башшор Асад: Миллатҳои араб даргири ҷанги ҳуввият ҳастанд

Раисҷумҳури Сурия дар дидори ҳайъате аз синдикати кори Тунис гуфт: Миллатҳои арабӣ даргири ҷанг бар сари ҳуввият ҳастанд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Башшор Асад дар Димишқ дар дидори Буалӣ Алмуборакӣ, муовини дабири кулли синдикати кор гуфт: Яке аз муҳимтарин далоиле, ки боис шудааст, кишварҳои арабӣ бо буҳрон мувоҷеҳ шаванд, ин аст, ки мо дар ҷанги ҳуввият ба сар мебарем, бо вуҷуди инки огоҳии миллатҳои арабӣ дар бораи таҳаввулоти минтақа дар сатҳи болое қарор дорад .

Башшор Асад дидор бо ин ҳайъати тунисиро ҳамонанди дигар ҳайъатҳое, ки ба Сурия сафар мекунанд, муҳим донисту гуфт: Ин сафарҳо боис мешавад, ки паёмҳои ҳақиқии миллати Сурия ба хориҷ аз кишвар мунтақил шавад .

Аъзои ҳайъати тунисӣ низ дар дидор бо раисҷумҳури Сурия эълом карданд, ғарбиҳо мехоҳанд, Сурия фақат дар чорчуби хостаҳои онон нақшофаринӣ кунад .

Аъзои ҳайъати тунисӣ бо баёни инки дифоъ аз Сурия дифоъ аз ҳамаи кишварҳои арабӣ аст, афзуданд: Агар тавтеаи душманон зидди Сурия ба натиҷа мерасид, ҳамаи минтақаи арабиро ҳарҷу марҷ фаро ме‌гирифт .

 

Барчасп