Паёмҳои твиттерии номафҳуми ҷонишини раиси пулиси Дубай бо форсӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i21200-Паёмҳои_твиттерии_номафҳуми_ҷонишини_раиси_пулиси_Дубай_бо_форсӣ
Ҷонишини раиси пулиси Дубай, ки ба мавзеъгириҳои зиддиэронияш машҳур аст, паёмҳои твиттерии номфҳуме бо забони форсӣ мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 06, 2017 13:59 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои твиттерии номафҳуми ҷонишини раиси пулиси Дубай бо форсӣ

Ҷонишини раиси пулиси Дубай, ки ба мавзеъгириҳои зиддиэронияш машҳур аст, паёмҳои твиттерии номфҳуме бо забони форсӣ мунташир кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Зоҳӣ Халфон эҳтимолан ин паёмҳои твиттериро бо истифода аз хадамоти тарҷумонии “Гугл” бо форсӣ тарҷума ва дар сафҳаи шахсии худ мунташир кардааст. Дар яке аз ин паёмҳои Халфон омадааст: «Ба манзури як шаҳрванди Қатар илзоми забони форсӣ!». Ҷонишини раиси пулиси Дубай зоҳиран дар талош аст, дар ин паёмҳо Қатрро ба пайравӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон муттаҳам кунад.

Равобити чаҳор кишвар, Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср бо Қатар дар моҳҳои гузашта ба шиддат тира шуда, ин чаҳор кишвар Доҳаро таҳрим карданд. Вазири иқтисоди Қатар бо намояндагӣ аз амири ин кишвар рӯзи шанбе, панҷуми август дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ширкат кард.