Август 08, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Идомаи мухолифатҳо бо ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ

Ҷибҳаи мунтақид ва мухолифи баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқи як шабакаи телевизионии ихтисосӣ роҳандозӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, ҷибҳаи мунтақиди баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ шомили шуморе аз шахсиятҳо, равшанфикрон ва фаъолини мадании курд бо оғози пахши озмоишии шабакаи ихтисосии «На ба ҳамапурсӣ»,  аз пахши оддии барномаҳои ин шабака дар ояндаи наздик хабар дод .

Ин шабака дар моҳвораи Nilesatу бо фереканси 12521 пахши озмоишии худро оғоз хоҳад кард .

Ҷибҳаи мунтақиди ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ ҳадаф аз роҳандозии шабакаи ихтисосии ин ҷибҳаро «на» гуфтан ба ҳаргуна интихобот дар ин масир донист .

Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ пештар дар бораи исрори курдҳо барои баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ гуфт: Давлати Бағдод ҳаргиз дар масири ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони ин кишвар таомул нахоҳад дошт .

Аҳзоби минтақаи Курдистони Ироқ ҳафтуми июни гузашта дар нишасте бо ҳузури Масъуди Боризонӣ, раиси ин минтақа бо баргузории ҳама‌‌пурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ дар 25 сентябри 2017 мувофиқат карданд.

Исрори минтақаи Курдистони Ироқ барои баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ бо вокуниши қотеи давлати Ироқ ва гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ рӯ ба рӯ шудааст .