Ҷангандаҳои амрикоӣ дар манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар Ироқ
Муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд-уш-Шаъби) аз фуруди ҷангандаҳои амрикоӣ дар манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абумуҳаммад Ал-Муҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ дар нишасти хабарӣ дар Бағдод гуфт, тасовир ва мадорики мавҷуд фуруди ҷангандаҳои амрикоиро дар наздикии шаҳри Талъафар, ки аз соли 2014 дар ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ аст, исбот мекунад.
Пештар ҳам манобеи хабарӣ аз фуруди 10 ҷангандаи амрикоии ҳомили таҷҳизоти ҷангӣ ва силоҳ дар наздикии Талъафар, дар ғарби Мавсил (шимоли Ироқ) хабар дода буданд.
Ал-Муҳандис афзуд, нерӯҳои довталаби мардумӣ бо муҳосираи комили шаҳри Талъафар мунтазири дастури оғози амалиёти озодсозии ин шаҳр ҳастанд.
Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ 26-уми июли соли 2017 қавл дод, нерӯҳои ин кишвар бо ҳамон азму иродае, ки ДИИШ-ро аз Мавсил берун ронданд, шаҳри Талъафарро низ аз ишғоли ин гурӯҳ озод кунанд.