Август 12, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани як қаиқи мутаҷовизон дар савоҳили Яман

Нерӯи дарёӣ ва дифои соҳилии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман эълом карданд, як адад қаиқи мутааллиқ ба мутаҷовизони саудӣ - амрикоиро дар савоҳили ғарби Яман дар бандари Ал Махоъ дар ҷанубу ғарби устони Таъиз ҳадаф қарор доданд.

Шабакаи телевизиони “Ал Масираи Яман” имрӯзи шанбе бо эъломи ин хабар ба нақл аз як манбаи низомӣ дар неруи дарёӣ ва дифои соҳилӣ афзуд, неруи дарёии артиш ва кумитаҳои мардумӣ 29-уми июли гузашта низ як адад қаиқ иморотиро дар савоҳили Ал Махоъ ҳадаф қарор дода буданд.

Неруи дарёии Яман токунун 12 адад киштӣ ва қаиқи кучак ва беш аз 10 адад қаиқ ҷангиро аз оғози таҷовузи саудӣ -амрикоӣ ҳадаф қарор додааст.

Исмоил Ал Ҳасанӣ, коршиноси низомии яманӣ низ дар бораи ҳадаф қарор гирифтани ин қаиқи неруҳои мутаҷовиз дар савоҳили Яман гуфт, ҳушдори неруҳои яманӣ ба мутаҷовизон бисёр ҷиддӣ аст.

Арабистон аз марти 2015 ҳамла ба Яман ва муҳосираи замини, дарёӣ ва ҳавоӣ ин кишварро ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат оғоз кардааст. Ҷанги Арабистон дар Яман ҳудуди 40 ҳазор кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст.