Август 13, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани режими Саудӣ ба нақзи қавонини байналмилалӣ  

Як созмони ҳуқуқи башарии Швейтсария, режими Арабистони Саудиро ба нақзи қавонини байналмилалӣ муттаҳам кард.

Ба нақл аз шабакаи Алҷазира, созмони швейтсариявии ҳимоят аз ҳуқуқи башар эълом кард, Арабистони Саудӣ аз фаризаи ҳаҷ барои тасвияҳисоби ихтилофоти сиёсии худ истифода мекунад .

Ин созмони швейтсариявии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, дар вокуниш ба маҳдудиятҳои таҳмилии режими Риёз алайҳи ҳуҷҷоҷи қатарӣ, хостори кумаки фаврӣ аз тарафи Иттиҳодияи Араб, Созмони ҳамкории исломӣ, дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башар ва гузоришгари вижаи умури озодиҳои динии Созмони милали муттаҳид шуд .

Созмони швейтсариявии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, монеътарошиҳои Арабистон ва Саудиро алайҳи ҳуҷҷоҷи қатарӣ иқдоме ғайриахлоқӣ ва дар зиддият бо қавонини байналмилалӣ донист .

Ин дар ҳолест, ки Алӣ ибни Самих Алмарӣ, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар низ бо интиқод аз мавонеи пешорӯи ҳуҷҷоҷи ин кишвар аз сӯи Арабистон, хостори бозгушоии марзи заминӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақими Давҳа ба Арабистон шуда буд .

Арабистон ва ҳампаймононаш (Миср, Иморот ва Баҳрайн) аз панҷуми июни 2017, равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва марзҳои заминӣ-дарёӣ ва ҳавоии худро ба рӯи ин кишвар бастанд.

Ин чаҳор кишвар, Қатарро ба ҳамсӯ набудан бо ҷарёни арабӣ ба раҳбарии Риёз муттаҳам кардаанд .

 

Барчасп