“Террористҳо шарифтарин мардуми ҷаҳонанд” (ВИДЕО)
Шабакаи “Ал-Ҷазира”-и Қатар як видеоеро, ки пеш аз ин рӯйи сайти худ гузошта буд, ҳазф кард, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба иштирок гузоштанд.
Дар ин видео Абдуллоҳ Ан-Нафисӣ, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Кувайт ба нақши террористҳо дар минтақа ифтихор мекунад ва онҳоро беҳтарин мардум медонад.
Абдуллоҳ Ан-Нафисӣ, ки дар ҷамъе суханронӣ мекард, мегӯяд: “террористҳо ботақвотарин, шарифтарин ва беҳтарин мардуми ҷаҳон ҳастанд”.
Вай дар идома ба мулоқоташ бо Мулло Умар, фармондеҳи кул ва раҳбари маънавии Толибон дар Афғонистон ишора ва ба он ифтихор мекунад.
Ин устоди Донишгоҳи Кувайт мегӯяд: “Шахсан бо Мулло Умар дидор кардам ва ба ин дидор ифтихор мекунам”.
Дар ин ҳангом ҳозирин барои ӯ каф заданд.
Вай афзуд, Мулло Умар марде аз ин давра ва замона набуд, аз ҳайатҳои ғарбӣ истиқбол намекард ва ба онҳо мегуфт, ба Кобул биравед ва мегуфт, инҳо мушриканд ва наҷис ҳастанд.