Август 18, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба манзилу мактабҳо дар Яман

Ҷангандаҳои Арабистон як мактаб ва бархе манзилҳои шаҳрвандонро дар Ҳариб-ул-қаромиши вилояти Маъриб ҳадаф қарор доданд.

Манобеи яманӣ эълом карданд, ҷангандаҳои Саудӣ имрӯз як мактаб, чанд манзил ва амволи мардумро дар Ҳариб-ул-қаромиши вилояти Маъриб ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла хисороте ба мактаб ва манозили яманиҳо ворид шуд. Ин манобеъ меафзоянд, ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин заминҳои кишти мардумро дар ин минтақа бамборон карданд. Ҳабарҳо ҳамчунин ҳокист, ҷангандаҳои Саудӣ манотиқеро  дар Саъда, вилоёти Шабуҳ, Таъиз ва Ҳаҷҷа низ ҳадаф қарор додаанд.

Режеми Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва бо сукути Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрию ҳавоии ин кишвар бо баҳонаи бозгардондани Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст.