Ҳокими Дубай рози муваффақияти иморати худро фош кард
Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум, ноиби раис ва раиси ҳайати вазирони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рози муваффақияти Дубай ва Иморотро шарҳ дод.
Ба гузориши пойгоҳи “Русия ал-явм”, Муҳаммад ибни Рошид дар паёми твиттерие навишт: «Хелеҳо аз ман дар бораи рози муваффақияти Дубай ва Иморот савол мекунанд. Дар ҷавоб мегӯям, ҳеҷ розе дар миён нест. Мо чизе бештар аз дигарон намедонем ва донише дар ихтиёр надорем, ки пешиниён аз он баҳравар нашуда бошанд». Ибни Рошид дар навиштаи худ рози муваффақияти Дубайро «табдили дониш ба амал» ва «табдили муваффақият ба фарҳанг» эълом кардааст.
Иморот дар даҳаҳои ахир тавсеаи фаровоне таҷриба карда, дар соли 2017 ба феҳристи 10 кишвари муҳим дар гузориши «Китоби солонаи рақобатпазирии ҷаҳонӣ» ворид шудааст. Ин кишвар ҳамчунин дар садри гузориши ҷаҳонии беҳтарин тасмимгириҳои давлатӣ ва нармии сиёсатҳои давлатӣ ҷой дорад.