Оғози амалиёти озодсозии шаҳри Талъафари Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i21952-Оғози_амалиёти_озодсозии_шаҳри_Талъафари_Ироқ
Нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бомдоди якшанбе ба таври расмӣ оғози амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар, маркази вилояти Найнаворо, ки дар ишғоли ДИИШ аст, эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 20, 2017 15:18 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти озодсозии шаҳри Талъафари Ироқ

Нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бомдоди якшанбе ба таври расмӣ оғози амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар, маркази вилояти Найнаворо, ки дар ишғоли ДИИШ аст, эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳайдар Ибодӣ бомдоди якшанбе дар баёнияе оғози марҳалаи дигаре аз набард алайҳи гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ-ро бо ҳадафи озодсозии шаҳри туркманнишини Талаъафар эълом карда гуфт, набард то шикасти ниҳоии ДИИШ дар Ироқ идома хоҳад ёфт. Нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дар ин баёния хитоб ба нерӯҳои ироқии ҳозир дар амалиёти озодсозии Талъафар гуфт, ки ҳама дар интизори пирӯзии онон бар террористҳо ҳастанд. Ба гуфтаи Ибодӣ, дар ин амалиёт ҳама нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ, шомили артиш, нерӯҳои басиҷи мардумӣ, пулиси федералӣ ва нерӯҳои Созмони мубориза бо терроризм ҳузур доранд. Пешбинӣ шудааст, амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар ва манотиқу рустоҳои атрофи он беш аз ду моҳ идома меёбад.

Пештар манобеи ироқӣ аз фирори бесобиқаи саркардагони ДИИШ дар Талъафар дар остонаи оғози амалиёти бозпасгирии ин минтақа хабар дода буданд. Талъафар, 50-километрии ғарби Мавсил дар моҳи июни соли 2014 ба дунболи ақибнишинии пешмаргаҳои курди Ироқ аз минтақа ба дасти ДИИШ афтод.